Кормандони Кумитаи телевизион ва радио ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад намуда, ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафти њамаљонибаи он таваљљуњи хоса зоҳир менамоянд. «Ба тасвиб расидани амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад».

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-43 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 апрели соли 2021, №221 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рузҳои 2 – 12 ноябри соли ҷорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм. калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

дар даври шаҳрии озмуни мазкур 260 нафар дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, осори шифоҳии халқи тоҷик, адабиёти бачагона, осори адибони ҷаҳон ва истеъдоди эҷодӣ дар бахши назму наср малакаи худро нишон доданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон аз ҳисоби кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар мақомҳои ифтихориро сазовор гардида, бо диплому мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд, ки инҳо Хӯҷаёров Убайдулло, котиби масъули шабакаи “Фарҳанг”-и Радиои Тоҷикистон аз рӯи номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик” сазовори ҷойи аввал, Боймуродзода Бузургмеҳр, муҳаррири хурди идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон аз рӯи номинаи «Хондан ва аз ёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон» сазовори ҷойи дуюм, Низомов Асҳобиддин, коргардони дараҷаи олии шуъбаи филмҳои миллии телевизиони «Синамо» аз рӯи номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир» сазовори ҷойи 2, Абдуҷалили Амон муҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Радиои Тоҷикистон аз рӯи номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» барандаи мақоми сеюм гардиданд. Инчунин, Кӯҳзод Тағоев, муҳаррири варзидаи идораи “Телефилм” ва дубляжи «Телевизиони Тоҷикистон» аз рӯи номинаи «эҷоди назму наср» бинобар холи баландро сазовор гардидан бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид.

Ҳамзамон, Музафар Сулаймонов, коргардони дараҷаи олии идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии “Телевизиони «Баҳористон” дар даврии минтақавии озмуни мазкур дар шаҳри Ҳисор аз рӯи номинаи «Хондан ва аз ёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон» сазовори ҷойи аввал гардид.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE