Душанбе: Озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.  Ин иқдом ҳамасола  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад, иттилоъ доданд аз Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва  дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендия доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро то соати 17:00-и 15 феврали соли 2022, ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 50, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

— аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;

— тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ;

— рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст;

— 3 дона расми андозааш 3х4;

— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;

Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда қабул карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE