Ҳушдори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД

Бо мақсади пешгирӣ намудани  ҳодисаҳои сӯхтор, ки  дар фасли сармо эҳтимоли сар задани онҳо меафзояд,  имрӯзҳо  гурӯҳи кории  Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилоти мухталиф  ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ – омӯзиширо  ба роҳ мондааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.

«Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ бо  роҳбарии сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати мазкур  Хуршед Шарифзода дар муассисаҳои давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мансуб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 243 нафар хонандагони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар тавозуни  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад  ва дорои  216 нафар хонандагон мебошад, инчунин   дар «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо»-и ноҳияи Варзоб мансуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он айни замон  30 нафар кӯдакони маъюб ба табобат фаро гирифта шудааст, ташкил ва гузаронида шуданд», -афзуд манбаъ.

Зимни баргузории чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони соҳа ба ҳолати коршоямии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, низоми  автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда, ҳавзу гидрантҳо ва ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ, сипару хатҳои интиқоли қувваи барқ, манбаҳои гармидиҳӣ ва истифодаи оқилонаи асбобу таҷҳизотҳои барқиву газӣ, озод нигоҳ дошташудани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ ва таҳлиявӣ, риояи меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ дар хобгоҳҳо ва биноҳои таълимию маъмурӣ, инчунин ба сатҳи дониши мутасаддиёну кормандони муассисаҳо вобаста ба амали онҳо дар вақти рух додани ҳодисаи сӯхтору  дигар ҳолатҳои фавқулодда диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин бо масъулону мураббияҳо ва дигар кормандони масъули муассисаҳо оид ба истифодабарии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дурусти даъвати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ташкили таҳлияи муташаккилонаи одамон аз бинои оташгирифта ва дигар мавзӯъҳои барои пешгирию рафъи ҳодисаҳои сӯхтор зарур машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузор карда шуданд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо,  қабл аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва маҳдуд сохтани оқибати он, муайян намудани сатҳи омодагии дружинаҳои идоравии оташнишонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии сӯхтору дигар ҳодисаҳои нохуш, инчунин расонидани ёрии амалии кормандони соҳа ба масъулону мутасаддиён дар бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта мебошад.

Дар интиҳои чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби сарварони муассисаву корхонаҳо ва раисони Шӯрои маҳаллаҳову шаҳрвандон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои ташкил ва гузаронидани чунин корҳои омӯзишӣ-фаҳмондадиҳии муҳиму саривақтии зиддисӯхтор изҳори сипос карда шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE