Умед Бобозода дар ҷаласаи навбатии Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо иштирок кард

24 июн  ҷаласаи V Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо (ЕАО) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ширкат намуд. Дар ин бора  аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур  Умед Бобозода дар мавзӯи “Масоили ҳимояи ҳуқуқии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  маърӯза  намуда, аз ҷумла, дар бораи  дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин ҷода, хусусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо намудани Конвенсия байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, қабули санадҳои муҳими стратегӣ дар самти зикршуда, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқи маъюбон, хусусан дар давраи пандемияи COVID-19 ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.

Дар ҷаласаи мазкур масоили “Мубодилаи беҳтарини таҷрибаҳо оид ба масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон дар фазои Авруосиёӣ” мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.

Дар ҷаласа Омбудсменҳои давлатҳои аъзои Алянс: Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои мухталифи фазои Осиё ва Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.

Баъдан байни аъзоёни Алянс муҳокимаи мавзуъ ва мубодилаи таҷрибаҳо сурат гирифа, дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд.

Аз ҷониби ширкаткунандагон иброз гардид, ки ҷаласаи навбатии Алянс моҳи октябри соли  равон  дар шаҳри Москва барпо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2019 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо гардид ва пайваста дар ҷаласаҳои он ширкат меварзад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE