Қаллобӣ вобаста ба хариду фӯруши воситаи нақлиёт
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён моҳи августи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо марди 43-солаи сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, ба боварии ӯ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Инфинити»-ро ба маблағи 120 000-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик маблағашро бармегардонад.
Номбурда автомашинаи мазкурро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Нисбати номбурда аз тарафи шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.