Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони муқими Федератсияи Россия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон -муҳоҷирони меҳнатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст. Мутахассисони соҳа тавассути рақами +7(495)9679844 вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунгузории Федератсияи Русия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо инчунин метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7(926)255-09-27; +7(968) 733 00 00, сомонаи расмии www.tajmigration.ru. почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.