Гар дасти фитодае бигирӣ …
Яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми Шарқ, хосса тоҷикон, меҳрубониву дилсузӣ ва ғамхорӣ нисбат ба дармондагону маъюбон аст, ки аз фарҳанги азалан инсонпарваронаи миллати нармдилу хайрхоҳ ва савобандеши мо маншаъ мегирад. Бузургони мо дастгирию кӯмак ба қишри осебпазири ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд.
Ҳанӯз 1000 сол муқаддам устод Рӯдакӣ инсонро ба қаноатварзию шикастанафсӣ ва дастгирии ин табақаи ба истилоҳи имрӯза «имкониятҳояшон маҳдуд» ҳидоят карданд ва камоли мардиву футувватро аз ҳамин кирдори накӯтарини инсонӣ иборат донистанд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Қарзи инсонии ҳар яки мост, ки ба одамони табиатан нуқсони ҷисмониву руҳидошта дилбардорию ёрмандӣ кунем, зеро ҳар вуҷуди зиндае доиман тандуруст намемонад ва ҳар тани гарм рӯзе мубтало ба дарде мегардад, ки ин қонуни табиию нонавиштаи ҳаёт аст. Дар лаҳзаҳои сангини ҳаёти пуршебу фароз дастгири инсон ғолибан ҳамонҳое мешаванд, ки худ имрӯз ниёзманд ба дастгириҳои моянд:
Касеро, ки дастат расад, даст гир,
Ки фардо ҳамон бошадат дастгир!
Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»(17.02.2020),ки бар асоси Конститутсияи ҶТ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (13.12.2006) ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ таҳия гардидааст, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъмини ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян мекунад, барои онҳо баҳри фаъолияту ҳамбастагӣ дар ҷомеа имкониятҳои баробар фароҳам меорад. Тибқи ин санади муҳим маъюб шахсест,ки бинобар беморӣ, ҷароҳат, нуқсонҳои ҷисмониву ақлонӣ саломатиашро ба таври доимӣ аз даст додааст, фаъолияти ҳаётии маҳдуд дорад ва ниёзманди ҳифзи иҷтимоист.
Сиёсати давлатии ҶТ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар асоси чунин принсипҳо амалӣ мегардад:
- Инсонпарварӣ ва риояи ҳуқуқи инсон;
- Кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасии хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ;
- Баробарҳуқуқии маъюбон бо дигар шаҳрвандон дар самти ҳифзи саломатӣ, таҳсилот, истироҳат, сайёҳат ва интихоби озодонаи фаъолияти меҳнатӣ;
- Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон;
- Манъ будани поймолкунии ҳуқуқи маъюбон.
Ҳукумати ҶТ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон муайян ва асноди меъёрӣ-ҳуқуқиву барномаҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро қабул мекунад,тартиби ҷорикунии квотаро барои ба кор қабул намудани маъюбон тасдиқ менамояд ва Шӯрои ҳамоҳангсозиро дар ин самт ташкил мекунад. Сиёсати инсонпарваронаи давлати мо ба он нигаронида шудааст, ки ин қишри осебпазир худро дар ҷомеа танҳову бекас ва нотавон эҳсос накунад,балки ҳамрадифи дигар шаҳрвандон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ширкати фаъол дошта бошад ва дар ободиву шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор бошад.
Имрӯз мо шоҳиди онем,ки маъюбон дар асоси хулосаи тиббӣ-иҷтимоӣ ба табобати ройгон ё имтиёзнок дар осоишгоҳ, бенавбат гирифтани роҳхати фароғатгоҳӣ ва сафари ройгон ба макони табобат ҳуқуқ доранд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба маъюбоне, ки бинобар саломатии нохуб аз уҳдаи кор кардан намебароянду бекоранд, барои табобат роҳхати ройгон тақдим мекунад. Ба маъюбоне, ки имконияти кор кардан доранд, дар ҷойи кор роҳхат ройгон, ё ки бо пардохти 50% арзиши он дода мешавад.
Давлати мардумпарвари мо барои соҳибмаълумот гардонидани ин табақаи ба кӯмакҳо ниёзманд талошҳои ҷиддӣ ба харҷ медиҳад.Ба онҳо дар муассисаҳои томактабӣ,умумӣ,ибтидоии касбӣ,миёнаю олии касбӣ ва баъди хатми донишгоҳҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маркази миллии тестии Тоҷикистон ба маъюбон-довталабони таҳсилоти олии донишгоҳӣ 150 холи имтиёзиро муқаррар кардааст. Кӯдаконе, ки бинобар вазъи саломатиашон дар мактабҳо хонда наметавонанд, ба мактабҳои махсуси таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди хатми донишгоҳ маъюбон дар мувофиқат бо ихтисосашон дар навбати аввал ба кор қабул карда мешаванд.
Тамоми ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳи зарурӣ мегузоранд. Масалан, се нафар ҷавони имконияташон маҳдуд имрӯз дар радиошабакаи «Садои Душанбе» ба кор пазируфта шудаанд ва фаъолияти муваффақ доранд.
Имрӯз симои пойтахти кишварамон рӯзбарӯз зеботар мешавад. Дар он обектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва васоити замонавии нақлиёт меафзоянд. Таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хосса Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба он равона шудааст, ки манзил ва нақлиёт бе монеа ба маъюбон дастрас бошанд. Маъюбон бо курсӣ-роҳравакҳо таъмин мегарданд, нақлиёти шаҳрӣ барои сафари қулайу бароҳати мусофирони маъюб муҷаҳҳазонида мешавад, барои истироҳат дар биноҳои истиқоматӣ, фароғатгоҳҳо, ҳаракат дар васоити нақлиёту иншооти варзишӣ, истифодаи бемонеаи нақлиёти роҳи оҳан, байнишаҳрӣ ва ҳавоӣ ва дастрасӣ ба васоити алоқа тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Гулгашту хиёбонҳо тарзе бунёд карда мешаванд, ки ба маъюбон ҳангоми ҳаракат бо курсиҳои маъюбӣ нороҳативу душворие эҷод накунанд.
Маъюбон дар нақлиёти шаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба ғайри таксӣ) ройгон сафар мекунанд. Хароҷоти нақлиёти мусофиркашонӣ барои онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн мегардад. Хароҷоти нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан барояшон аз ҳисоби буҷети давлатӣ пӯшонида мешавад. Дар пардохти хизматрасонии коммуналӣ низ ба маъюбон тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» як қатор имтиёзҳо муқаррар гардидаанд. Масалан, имтиёз дар пардохти хизматрасонии коммуналӣ (ғайр аз барқу гази табиӣ), телефон, шахсӣ кардани хонаи истиқоматӣ дар ҳаҷми 50%, ройгон ва бенавбат гузаронидани хатҳои алоқа, барқу газ ва оби нӯшокӣ.
Имрӯз дар Ватани азизамон иттиҳодияҳои зиёди ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд фаъолият мекунанд. Аъзои ин иттиҳодияҳо алоқадри имконияту тавонашон ба касбу кори гуногун фаро гирифта шудаанд ва ҳамрадифи дигар аъзои ҷомеа дар таҳкими қудрати истеҳсолии кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Маъюбон ҳаргиз худро танҳову нотавон ва бекасукӯй эҳсос намекунанд,балки шукрона аз даврони осудаву зиндагии шоистае доранд,ки барояшон аз баракати талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Пешвои дилсӯзи миллатамон дар ҳама мулоқоту вохӯриҳо ҳамеша аз ҳоли дармондагону ятимон ва маъюбон хабар мегиранд ва дар рафъи мушкилоти онҳо кӯмакҳои худро дареғ намедоранд. Меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон, ҳамеша ҳолпурсиву дилбардорӣ ва дастгирӣ кардани онҳо рисолати инсонии ҳар як инсони соҳибдилу соҳибандеша аст.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе»
Хуршед БАРИЕВ,
муҳаррири варзидаи шабакаи «Садои Душанбе»