Даври минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Ваҳдат анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид . Дар озмуни мазкур, ки давоми ду руз идома ёфт, зиёда аз 100 нафар донишҷуён, хонандагони муассисахои таълимӣ ва аҳли эчод 8 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд. Гузориши ҳамкорамон Точиддин Сатторзода аз ин озмун:
Тайи ду сол аст, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ”миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар аст роҳандозӣ гардида истодааст. Даври сеюми минтакавии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар қасри фарханги шахри Вахдат тайи ду руз идома кард. Дар он товталабон аз шахрҳои Вахдату Роғун ноҳияҳои Файзобод, Рашт,Тоҷикобод, Нуробод, Лахш ва ноҳияи Сангвор иштирок карда донишу маҳорати худро аз руи шартхои он санҷиданд. Фазулло Эшончонов- омӯзгори МТМУ раками-41нохияи Рашт мегуяд, ин озмун дуртарин дехоти кишваро имруз дар худ фаро гирифта, мавриди ҳамовозии тамоми кишрхои чомеа гардидааст.
Ҳадафи аслии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ арзёби мешавад. Азизмохи Абдуракибзода- хонадаи синфи 8-и МСТУ № 12 ш. Ваҳдат хамчун иштирокчии дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз руйи номинатсияи адабиёти муосири точик дар ин озмун ширкат варзида мехохад ба даври чорум рох ёбад.
Дар даври митакавии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” аз чониби нотикон таъкид гардид, ки ин «иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқ ва завқи сокинони мамлакатро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд. Гуфта шуд, ки баргузории озмуни Фуруги субхи донои китоб аст-метавонад ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии сокинонро бештар намояд».Озмуни мазкур миёни сокинони ҷумҳурӣ маҳбубияти махсус пайдо намуда, назар ба соли гузашта шумораи иштирокчиён ба маротиб зиёд гардидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо дорои расму оин ва фарҳанги бою қадимӣ буда, ба гузаштаи худ арҷ мегузорад.
Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму маориф рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.
Дар такя ба ин Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ”, месазад зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳо ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Ин икдоми начибона боиси болоравии маънавиёти мардум, аз чумла насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе