Мавсими шинонидани гулҳои тирамоҳӣ дар пойтахт оғоз гардид
Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе имрӯз он чунон зебову обод гардидааст, ки кас аз тамошояш ба худ рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Ба хотири боз ҳам зебову обод гардидани Душанбешаҳр ҳар фасли сол шинонидани гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шинонидани мавсими гулҳои тирамоҳӣ бо маром идома дорад.
Комрони Абдувалӣ коромӯзи шабакаи Садои Душанбе мавзӯро пайгирӣ намудааст:
Ин шабу рўзҳо дар хиёбони устод Рӯдакӣ ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мавсими шинонидани гулҳои тирамоҳӣ бомаром идома дорад. Ҳар фасли сол, вобаста ба мавсим дар гӯшаву канори пойтахт гулҳои гунонгун шинонида мешавад.Ин ҳама ба хотири боз ҳам зебову обод гардидани кӯчаву хиёбонҳои пойтахтамон шаҳри Душанбе мебошад.
Зимни сӯҳбат гулшинони ноҳияи мазкур Завқигул Тоҷиддинова боваста ба навъҳои гул иброз дошт, ки барои ман низ боиси хушнудист, ки саҳми худро дар ободии пойтахт мегузорам ва талоши онро карда истодаам, ки фазои зеботару дилоротар дар кӯчаҳои пойтахт таъмин карда бошем. Дар шинонидани гулҳои мавсими тирамоҳӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ саҳми беш аз 30 нафар занону духтарон назар аст.
Гулшинони ноҳияи мазкур Завқигул Тоҷиддинова гуфт, ки ҳар мавсими сол сар аввал гулҳоро дар гармхонаҳо, муддати 10- 15 руз нигоҳубин намуда, сипас ба шинонидани онҳо шуруъ мекунем. Ин ҳама заҳмату талошҳои шабанарузии мо кормандони ин соҳа ба хотири сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе мебошад ва талош ба он мекунем то дар пешорӯйи чорабиниҳои муҳим пойтахти кишварро бозҳам зеботар намоем.
Комрони Абдувалӣ
Садои Душанбе