Сайёҳии Хатлон: Вазъ, мушкилот ва дурнамо

Таҳлилҳои солҳои охир нишон доданд, ки шумораи сайёҳон ва боздиди онҳо аз мавзеъҳои ҷолиби диққати вилояти Хатлон ҳамарӯза меафзоянд. Чунин раванд имконият медиҳад, ки Хатлон дар солҳои наздик натанҳо дар кишвар, балки дар қитъаи Осиё ба як минтақаи сайёҳӣ табдил ёбад.

Имконият ва роҳҳои ҷалби сайёҳон

Вилояти Хатлон минтақае ба ҳисоб меравад, ки дорои иқтидори бузурги сайёҳист. Зеро аксари ёдгориҳои инҷо таърихи кӯҳан дошта, ба феҳристи Умумиҷаҳонии Юнеско шомил шудаанд. Метавон аз Қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, Дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, Мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён бо ифтихор ном бурду ёдоварӣ кард. Дар баробари ҷой гирифтани ёдгориҳои бузурги таърихӣ, ҳамчунин дар ҳудуди вилоят беш аз 1050 мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, бостонию мониметалӣ арзи вуҷуд доранд, ки ҳамарӯза барои боздидашон гардишгарони дохилию хориҷӣ ташриф меоваранд.

Инфрасохтори соҳа

Табиист, ки дар баробари ҷалб масъалаи беҳтарнамоии инфрасохтор ҷой мегирад. Агар мо тавонем ба сайёҳ дар сатҳӣ олӣ хидматрасонӣ кардаву шароитҳои лозимаро пешниҳод созем, ба ҷалби 7-9 нафари дигар даст меёбем. Дар суръати баръакс 14-16 сайёҳро аз даст медиҳем. Бо дарки ин масъала дар ҳудуди вилоят сол ба сол барои беҳбудии шароит ва инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла тайи 3 соли охир дар шаҳру навоҳӣ, ҳатто деҳоту ҷамоатҳои дурдасти вилоят бунёди манзилҳои иқомат дар шакли Меҳмонхона ва Ҳомстейлу Гестхавсҳо бо нақшу нигори миллӣ  бунёду мавриди истифода қарор гирифтанд, ки имрӯз шумораашон ба 73 адад мерасанд.

Самтҳои асосии саёҳӣ

Мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими вилоят барои рушди аксари самтҳои туризм мусоидат менамояд. Аз ҷумла метавон сайёҳати таърихию фарҳангӣ, фароғативу динӣ, экологӣ-аграрӣ, рекратсионӣ ва куҳнавардиро ба роҳ монд. Ҳоло барои пешрафти сайёҳии табобатӣ дар вилоят 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, барои сайёҳии фароғативу динӣ 115 зиёратгоҳ ва 46 адад боғҳои фароғатӣ дар хидмати мизоҷон қарор гирифтаанд. Ҳар мизоҷе, ки аз вилоят боздид ба амал меоварад, имконият дорад аз Осорхонаву Чойхона бароҳат истифода намуда, барои хотира аз мағозаҳои фуруши армуғон, ки шумораашон дар саросари вилоят ба 88 адад мерасад, беҳтарин анвои ҳунарҳои миллии минтақаро харидорӣ намояд.

Мушкилӣ ва тадбирҳои ҳалли он

Бо вуҷуди фароҳамоварию беҳтарнамоии шароиту инфрасохтор дар самти хидматрасонӣ ба сайёҳон ҳоло дар вилояти Хатлон бархе монеаҳо садди роҳ гардидаанд. Аз ҷумла 17 ширкати сайёҳие, ки ба қайд гирифта шудаанд, наметавонанд ба ҷалби бештари гардишгарон даст ёбанд. Иллати инро дар камтаваҷҷӯҳи ва коста будани маърифату фарҳангӣ сайёҳии мардум унвон мекунанд. Ин мушкилӣ, натанҳо дар вилоят, балки дар ағлаби манотиқи мамлакат ба мушоҳида мерасад. Бо ин далел бархе ширкатҳо то имрӯз натавонистаанд ҳатто як сайёҳро ҷалб созанд, чӣ расад ба сайёҳӣ хориҷӣ. Вале масъулини соҳа дар вилоят сайёҳати дастаҷамъонаи хонандагонро роҳандозӣ намуданд, ки ин ташаббус дар як муддати кӯтоҳ натиҷаи мусбат ба бор овард. Метавон аз ин роҳ ва василаи ҷалб ҳамроҳ бо ширкатҳои маҳаллӣ дар дигар шаҳру навоҳи низ истифода намоянд, ки самараи хубе низ хоҳад дод. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ бояд  маърифату фарҳанги сокинон баланд бардошта шуда, баъзан чораҳои ҳавасмандкуниву ҷиддӣ андешида шавад.

Хулоса, бо ин ҳама мушкилиҳои мавҷуда, масъулини бахши сайёҳии вилояти Хатлон то имрӯз тавонистанд бо ҳар роҳу васила 408 ҳазору 689 нафар сайёҳи дохилӣ ва 2601 нафар сайёҳи хориҷиро бо мавзеъҳои сайёҳии вилоят ошно созанд. Итминон аст, ки ин  шумораи беш аз ним миллионнафара марзи миллионҳо нафарро убур сохта, самти сайёҳи ба афзалиятнок дар вилоят табдил меёбад.

Бахтовар АМИНЗОДА,

рӯзноманигор

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE