Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ охири сентябр дар Душанбе ҷамъ меоянд

 23-26 сентябри соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни давлатҳои Иттиҳод баррасӣ гарданд. Қабл аз баргузории ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳод баргузор мегардад.

Дар ҳошияи ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе инчунин баргузории ҷаласаи 51-уми мушовараи якҷояи хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назар аст.

Ҳамзамон интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE