Кӯлоб: Дар Боғи «Сомониён» маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи миллии ба номи Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб 1200 қаламчаи гули садбаргу 400 бех дигар намуди гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ороишӣ шинонида шуд, хабар доданд аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ҳамчунин дар ин рӯз боғпарваврони муассисаи мазкур 35 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида, роҳрав ва гулгаштҳои ҳудуди боғро тозаву озода намуданд.
Сокинони шаҳри Кӯлоб иқдом гирифтаанд, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
Тибқи иттилои мутахассисон, дар шароити Тоҷикистон асосан се давраи ниҳолшинонӣ: тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор мавҷуд аст. «Дар фасли зимистон ниҳол шинонидан беҳтар аз он аст, ки дар фасли баҳор ва тирамоҳ шинонем. Чунки дарахти шинонидаи мо оҳиста-оҳиста ба шароити ҳамон минтақа мутобиқ шуда, то фарорасии фасли баҳор ба нашъунамо оғоз менамояд»,- мегӯянд олимони тоҷик.
АКСҲО аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб