ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Прокуратураи ҶТ дар ВМКБ

Рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймумин Ятимов ва бо супориши Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, Прокурори ВМКБ Орифзода П. бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ахбороти Прокурори вилоят дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ вобаста ба амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии содиршуда зимни ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ, ташхисоти анҷомёфтаи судӣ, ҳамкориҳо байни аъзоёни гурӯҳи тафтишотӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ батафсил шунида шуд.

Сипас, Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Ятимов С.С. баромад карда, ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кумакашон баҳри ба эътидол овардани вазъият изҳори сипос намуда, андешаю пешниҳодҳои худро дар масъалаҳои вобаста ба таъмини волоияти қонун, роҳҳои қонунии ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳор доштанд.

Аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносон Холиқназаров Манучеҳр ва Муборакшоён Музаффар баромад карда, оид ба рафти корҳои тафтишотӣ қаноатмандии худро баён намуданд ва ҳамзамон, ба баъзе саволҳои додаи худ аз иштирокчиён ва гурӯҳи тафтишотӣ посух гирифтанд.

Дар рафти вохӯрӣ бори дигар таъкид гардид, нисбат ба ашхоси муддати дароз дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта, ки новобаста аз пешниҳоди даъватнома ба назди мақомоти тафтишотӣ ҳозир намегарданд, тибқи қонун чораҳои ба тарзи маҷбурӣ таъмин кардан барои тафтишот татбиқ карда хоҳанд шуд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ идома дода мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE