Душанбе: Конгресси шашуми КАФА баргузор гардид

16  декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Кори Конгресс бо суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфт. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки «соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор созем».

Дар ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони Туркманистон ба таври онлайн ҳузур доштанд.

Инчунин дар кори конгресс Меҳдии Тоҷ — ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок дошт. Дар ҷараёни он котиби генералии ин ташкилот Улуғбек Каримов дар хусуси мусобиқаҳои баргузоршуда дар соли ҳисоботӣ гузориш дода, иброз намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия КАФА тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE