Душанбе: Маросими пӯшидашавии “Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021” эълон шудани Душанбе баргузор мешавад

Пагоҳ, 18 декабр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор мешавад, – хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар маросими расмии пӯшидашавии «Душанбе – пойтахти фарҳангии  ИДМ-2021» барномаи фарҳангӣ ва фароғатӣ бо иштироки аҳли санъату ҳунар аз кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи соли «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якчанд барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла,  аз 6 то 10 декабри соли равон  дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Шукуфаҳои пойтахт» бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории он омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас мебошад.

Инчунин, дар доираи эълони «Душанбе – пойтахти фарҳангии  ИДМ-2021»  22 марти соли равон Форуми II  байналмилалӣ  таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» доир шуд, ки дар он  бо иштироки намояндагони  ИДМ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон барномаи фарҳангӣ  омода ва пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардида буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE