Имрӯз мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон бо мунтахаби Озарбойҷон рақобат мекунад
Рақиби навбатии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия муайян шуд.
Мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Озарбойчон (U-20) бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ рӯзи 6-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ» баргузор мешавад.
Қаблан дастаи ҷавонони мо бо пешсафи дивизиони якуми Полша бошгоҳи ЛКС-и шаҳри Лодзи рақобати дӯстонаро мусовӣ (1:1) бо ҳамсолонаш аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Ӯзбекистон «Бухоро» (1:3) шикаст хӯрда буданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) то 19 феврал дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия боқӣ мемонад.
Бозии санҷишӣ
6 февраля (душанбе)
Тоҷикистон (U-20) –Озарбойҷон (U-20)
Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»