Дар меҳвари Паёми Президент

Соҳаи маориф дар меҳвари асосии “Паём”-и имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Сарвари давлат дар баромади хеш аз мушкилии соҳаи маориф, сатҳи касбии омӯзгорон ва донишу тарбияи муҳассилин изҳори андеша намуданд …

Барои баланд бардоштани дараҷаии илмии устодон ва  ба ин васила саводнок гардонидани хонандагон  дар кишвар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф фаъолият менамояд. Ҳадафи ин муассиса омӯзонидани таҷрибаҳои пешқадами устодони дохилу хориҷ дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад.

Маҳмадалии Холназар, корманди Донишкадаи мазкур мегӯяд, ин интиқоди Сарвари давлат дар соҳаи маориф саривақтӣ буда, мебояд масъулин аз роҳҳои наву муосири таълиму тарбия кор гиранд. Ба хотири беҳтар намудани сифати кор роҳбарияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф соли ҷорӣ нақша-чорабиниҳоро  тасдиқ намуда, кӯшиш менамоянд ки соле ду маротиба омӯзгоронро ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намоянд. Ин омил имконият медиҳад, ки дар оянда омӯзгорон сатҳи касбии худро баланд бардошта, ба муҳассилин донишҳои муосири замонаро омӯзонанд.

Бахтовари НУРИДДИН,

”Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE