Раҷаббой Аҳмадзода бо директори корхонаи муштараки “Зарафшон” бунёди корхонаи иловагии металлургиро баррасӣ намуданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори корхонаи муштараки “Зарафшон” Жан Яомин масъалаи афзун намудани ҳаҷми истесҳсоли маҳсулот, бунёди корхонаи иловагии металлургӣ, иҷрои уҳдадориҳои корхона ва ташкили ҷойҳои нави кориро баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба сомонаи расмии Хадамоти матбуотии раиси вилоят, ҷонибҳо дар оғози мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, нақши корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро дар рушди хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент назаррас арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки бо саҳмгузории корхона иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд карда мешавад.
Директори корхонаи муштараки “Зарафшон” иттилоъ дод, ки дар корхонаи муштарак наздик 3000 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, корҳо дар самти бунёди корхонаи нави металлургӣ идома дорад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта ворид карда шуда, то охири соли 2023 корхонаи нав пурра ба истифода омода гардад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки бояд иқтидор ва имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда шуда, давра ба давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва барои коргарони корхона шароити беҳтарин муҳайё карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи муштараки “Зарафшон” яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ буда, ба истихроҷ ва коркарди тилло машғул мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE