Нишастҳои матбуотии 1 феврал

Пагоҳ – 1 феврал Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 09:00 дар кумитаи мазкур барпо мегардад. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ нишасти матбуотиро дар хадамоти мазкур соати 10:00 доир менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумита доир мекунад. Нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ баргузор мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE