МН: Нақшаи чорабиниҳо оид ба Паём тасдиқ гардид

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2022 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) бармеоянд,  тасдиқ карда шуд, хабар доданд аз Маҷлиси намояндагон.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур, гузаронидани якчанд чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили ташкили омўзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма, таҳлили мунтазами қонунгузории кишвар, мониторинги амалишавӣ ва муайян намудани сатҳи мутобиқати қонунгузории соҳаҳо ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида, ташкил ва баргузории суҳбату вохӯриҳо бо аҳли ҷамоат дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва санадҳои зерқонунии марбут ба он, иштирок дар гурӯҳӣ корӣ ҷиҳати таҳияи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, таҳлилу омӯзиш ва арзёбии амалӣ шудани нақшаҳо вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020 – 2040, иштироки сарпарастон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ ҷойгир, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коркарди саноатии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ», баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ доир ба ҷараёни татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дар сатҳи кумита, баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар 9 моҳи соли 2022» дар сатҳи Маҷлиси намояндагон, баргузории соати парлумонӣ доир ба вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолату имтиёзҳо ба он дар иртибот ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатии дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани машғулият бо ҷалби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули мақомоти марбутаи кишвар, ташкил ва гузаронидани семинар вобаста ба муаррифии лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Аз ҷумла, мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳлил ва пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои нави омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ» дар сатҳи кумита, мизи мудаввар оид ба масоили мубрами ҳамкории сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи 30 соли барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ, силсилагуфторҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,нашри силсиламақолаҳо дар мавзӯи «Мавқеи шоистаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон», омода намудани мақолаҳо доир ба масъалаҳои мубрам дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инҳо  аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE