Барномаи фарҳангии Шаплен дар Душанбе доир мешавад

4 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки яке аз пианинонавозони беҳтарин ва мунаққидони барҷаста Франсуа Шаплен барномаи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Франсуа Шаплен дар театри мазкур барои баргузории барномаи фарҳангии худ омодагӣ мебинад. Ӯ аз ҷумлаи яке аз 10 беҳтарин пианинонавозони ҷаҳон аст, ки ба эҷоди ӯ аз ҷониби мунаққидони варзида баҳои баланд дода шудааст. Мавсуф хатмкардаи Консерваторияи олии миллии Париж, лауреати Озмуни байналмилалии пианиновозони ҷавон дар Италия, ҷоизаи Мотсарт дар озмуни байналмилалии Кливленд Роберт Касадейс мебошад.

Инчунин дар оркестрҳои дараҷаи ҷаҳонӣ — ансамбли оркестри Париж, оркестри филармонияи Санкт-Петербург, оркестри филармонияи Япония, оркестри миллии Лил, оркестри миллии Лотарингия шарафи ҳунарнамоӣ доштааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE