Душанбе: Ба ифтихори 1050-солагии Берунӣ конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

10 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ дар мавзӯи «Абурайҳон Берунӣ-мутафаккири бузурги Машриқзамин» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки 1050- солагии Абурайҳони Берунӣ моҳи ноябри соли гузашта ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид. Дар назар аст, ки дар кори конференсия олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намоянд. Натиҷаи конференсияи байналмилалӣ дар шакли «Маводи конференсияи байналмилалӣ» ба нашр расонида мешавад.

Осорхонаи миллӣ аз ҳамаи донишмандону пажӯҳишгарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар даъват ба амал меорад, ки мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро оид ба мавзӯи мазкур барои нашр ба унвони осорхонаи  мазкур ирсол намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE