Душанбе: Ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

“Сиёсати давлатии забон ва рушди забонҳои модарӣ” — таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ доир гардид.

Зимни ифтитоҳи конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Боймурод Шарифзода изҳор дошт, ки  забони тоҷикӣ, яъне забони модарии мардуми тоҷик, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ  ва афкори  башарӣ  саҳми босазо дорад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии миллатҳо забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ буда, аз ҷониби давлат ҳифз гардид ва рушд меёбад. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки тавассути забон ҳувияти миллӣ  ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳамаи давру замон мебошад.  Забони модарӣ  инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ  барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ  муҳайё гардидаанд.

Таъкид гардид, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ  эълон гардид ва он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар  тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.

Зикр шуд, ки имрӯз тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ», дар Тоҷикистон 15 ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва маркази фарҳангии ақаллияти миллии арманҳо, бошқирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо, қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо ва уйғурҳо фаъолият менамоянд.

Дар конференсия 15 маърӯзаи илмӣ, аз ҷумла «Ҷойгаҳи забони миллӣ дар раванди робитаҳои байнифарҳангӣ»-и раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода, «Аҳамияти забоншиносии матнҳои суғдӣ»-и доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода, «Сабабҳои асосии ҳифзи забони яғнобӣ ва нақши он дар рамзкушоии осори суғдӣ»-и номзади илми филология Сайфиддин Мирзоев, «Забони модарӣ яке аз арзишҳои бунёдии миллӣ»-и доктори илми филология Сахидод Раҳматуллозода шунида шуданд.

Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби  санъаткорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE