Рустами Эмомалӣ аввалин лауреати мукофоти бонуфузи WSF барои дастовардҳо дар ҳифзи гӯсфанди ёбоии Марко Поло аз Тоҷикистон

«Бунёди гӯсфандони нодир» (The Wild Sheep Foundation) дар соли 2022 мукофотро барои дастовардҳо дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ таъсис дод. Лауреати аввали ин мукофот, ки дар анҷумани баргузоргашта дар шаҳри Ринои штати Невада дар ИМА, эълон гашта буд, ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида шуд.

Ин мукофот бояд фаъолияти шахсе ё ташкилотеро қадр намояд, ки барои ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ саҳми муносиб гузошта бошад. Барои гирифтани ин мукофот зарур аст, ки гирандаи он шаҳрванди яке аз кишварҳои макони зисти гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ бошад ва барои нигоҳдории ин намуди ҳайвонот саҳми шоён гузошта бошад. Бо шарофати пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон айни ҳол тақрибан 25 000 сар гӯсфанди кӯҳӣ ва 4000 сар бузи пармашох (Морхур) сукунат доранд.
Яке аз иқдомҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин мебошад, ки таҳти роҳбарии он дар иҷрои Конвенсияи СИТЕС савдои устувори намудҳои ваҳшии ҳайвонот бо Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Канада ба танзим дароварда шуд. Шомил шудан ба Конвенсияи мазкур боиси коҳиш ёфтани гардиши беназорат ва ғайриқонунии намудҳои нодири наботот ҳайвоноти ёбоӣ ва ваҳшӣ мегардад, ки мавриди таҳдиди нестшавӣ қарор доранд.

“Бунёди гӯсфандони нодир” (WSF), ки дар Бозмани штати Монтанаи ИМА фаъолият дорад, соли 1977 аз ҷониби тарафдорон ва хоҳишмандони ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ таъсис ёфтааст. WSF зиёда аз 8500 аъзоёни худро дар тамоми ҷаҳон муттаҳид намуда, ҳимоятгари асосии гӯсфандҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти ваҳшии минтақаҳои кӯҳӣ ва муҳити зисти онҳо мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE