Душанбе: Бахшида ба ҷашни Наврӯз Форуми III байналмилалӣ баргузор мешавад

21 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора 2 марти соли равон қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Форуми мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи Иди байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имконоти соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ доир мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE