Нишастҳои матбуотии 7 феврал

7 феврал Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 09:00 дар Агентӣ баргузор мешавад.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.

БДА ҶТ «Амонатбонк» соати 11:00 дар бонки мазкур нишасти матбуотӣ  доир менамояд.

Нишасти матбуотии КВД «Тоҷиксуғурта» соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) баргузор  мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE