Дар ноҳияи Сино даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” идома дорад
Имрӯз дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ин давр аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 136 нафар довталаб аз рӯи панҷ номинатсия иштирок карда, истеъдод ва маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.
Пеш аз оғози озмун муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ситора Сафарализода баромад карда, қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба хотири дастгирӣ ва пайдо намудани ҷавонону наврасони боистеъдоди соҳаи санъат ва дизайн баргузор гардида, ҳадафи он рушди санъати сурудхонӣ, навозандагӣ ва рассомию зебопарастӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки имсол Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 785 000 (се миллиону ҳафтсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намудааст, ки ин ҳолат иштирокчиёни озмунро ҳавасманд гардонидааст. Боймуҳаммад Иброҳимзода хонандаи синфи 10 -уми Муассисаи давлатии мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз руи наминатсияи сурудхонӣ – жанри анъанавӣ иштирок намуд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади иштирокаш дар озмун инкишоф додани маҳорати сурудхонӣ мебошад.
Иштирокчии дигари Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” рӯи наминатсияи сурудхонӣ – жанри анъанавӣ Индирабону Турманова хонандаи синфи 5 – уми Муассисаи давлатии мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки нисбат ба сурудхони шавқи беандоза дорад ва мехоҳад, ки дар оянда ҳамчун сарояндаи касбӣ шинохта шавад
Бояд гуфт, ки даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то 30 апрел давом мекунад. Ёдовар мешавем, ки масъулони баргузории озмун Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.
т. Сатторов,
“Садои Душанбе”