Вулқони Фаградалсфядл дар Исландия аз нав хуруҷ кард
10 июли соли ҷорӣ дар Исландия вулқони Фаградалсфядл аз нав хуруҷ кард. Мақомот дар Исландия рӯзи сешанбе ба сайёҳон ва тамошобинони дигар ҳушдор доданд, ки ба вулқони хуруҷгардида, ки дорои газҳои зарароварро ба ҳавои атмосферӣ паҳн мекунад, дурӣ ҷӯянд. Вулқоншиносон мегӯянд, ки ҳодиса дар ҳоли ҳозир “шиддати паст” боқӣ мемонад, аммо обуҳавошиносии Исландия аз сатҳи хатарноки баланди газҳои вулқонӣ дар наздикии алангаи оташи вулқон ҳушдор додааст.
Ба гуфтаи мақомоти обуҳавошиносии ин кишвар алангаи оташ пас аз заминларза дар ин минтақа оғоз гардид. Ин вулқон давоми 11 моҳи охир дар ҳолати оромӣ қарор дошт. Вулқони мазкур дар водии беодам дар наздикии кӯҳи Литли-Хрутур, тақрибан 30 километр дуртар аз ҷанубу ғарби пойтахти ин кишвар шаҳри Рейкявик воқеъ аст. Мақомоти Исландия хабар медиҳад, ки алангаи оташи вулқони мазкур нисбат ба таркиши ду маротибаи қаблӣ бештар мебошад. Наворҳои ҳавоӣ нишон медиҳанд, ки оташи вулқон тақрибан 900 метр ба гирду атроф паҳн мешаванд.
Профессори геофизики Донишгоҳи Исландия Магнус Туми дар мусоҳибаи худ бо телевизиони миллии ин кишвар гуфт: “Ин як алангаи оташи хурде шуд, ки метавонад бешубҳа муддати тулонӣ давом ёбад”.
Зикр намудан ба маврид аст, ки соли 2021 вулқони Фаградалсфял хуруҷ намуда буд, ки тули чанд моҳ давом кард. Садҳо ҳазор нафар барои дидани манзара ҷамъ омаданд. Зеро дидани ин вулқон аз наздик хеле мусоид буд. Муҳақиқони соҳа ба он назар аст, ки пайдоиши ин вулқон 100ҳазор сол пеш дар зери пирях ба вуҷуд омадааст ва бори охир 6 ҳазор сол пеш хуруҷ намуда буд. Дар асри 21 бошад бори аввал 19 марти соли 2021 хуруҷ намуд.
Ёводар гардидан ба маврид аст, ки Исландия, ки дар болои як нуқтаи гарми вулқон дар Атлантикаи Шимолӣ ҷойгир аст, ба ҳисоби миёна ҳар 4-5 сол як хуруҷи вулқон ба амал меояд.
Вазъи харобиовартарин дар вақтҳои охир оташфишонии вулқони Эйяфҷаллаҷокулл дар соли 2010 буд, ки абрҳои бузурги хокистарро ба фазо фиристод ва боиси баста шудани фазои ҳавоии густарда дар саросари Аврупо шуд. Зиёда аз 100,000 парвозҳо қатъ карда шуданд, ки миллионҳо сайёҳони байналмилалиро дармонданд ва парвозҳои ҳавоиро барои чанд рӯз қатъ карданд, зеро хокистар метавонад ба муҳаррикҳои реактивӣ осеб расонад.
акс аз манбаҳои боз
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе