Душанбе: Ҷаласаи навбатии Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр (маҷозӣ), муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев (маҷозӣ), Раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Гюзгелди Байджанов ва дигар намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ФБНА, аъзои Кумитаи иҷроияи ФБНА, намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони воҳидҳои сохтории ФБНА иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Кумитаи иҷроияи ФБНА.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи навбатии Раёсати Фонд аз маълумотонидани аъзои Раёсати ФБНА вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ФБНА дар давраи раисии Тоҷикистон ва баррасии рафти татбиқи Барномаи амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал (БҲБА-4), натиҷаҳои бадастовардаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили сохтор ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ФБНА, ҳамчунин оид ба рафти омодагии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об, иштироки ФБНА дар кори Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидани амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ», ки баргузории он 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст ва дигар масъалаҳои муҳим иборат буд.
Ҳамчунин масоили баррасигардида ва қарорҳои қабулгардида натиҷаи муҳими Раёсати ФБНА барои кишварҳои аъзои Фонд хоҳанд гашт.
Инчунин зикр шуд, ки бо Қарори Раёсати ФБНА 29 июни соли 2021 бо мақсади ба роҳ андохтани барномаҳо ва амалҳои муштарак ҷиҳати бартараф намудани буҳрони Арал ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ тавассути амалҳои мақсаднок дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои беҳтар намудани идоракунии об, вазъи экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, рушди устувор ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ҳавзаи баҳри Арал тасдиқ гардид.
Ҳуҷҷати мазкур барои ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, воҳидҳои сохтории ФБНА ва шарикони рушд барои муттаҳид намудани талошҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ва ноил шудан ба рушди устувор дар минтақа, инчунин коҳиш додани оқибатҳои манфии марбут ба хушкшавии баҳри Арал мусоидат хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии таъсиси фондро рафъи буҳрони экологӣ ва беҳтар намудани вазъияти иҷтисодӣ-иҷтимоии ҳавзаи баҳри Арал, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз бузургтарин офатҳои табиии асти XX эътироф гардидааст, ташкил менамояд.
Раёсати ФБНА бо пешниҳоди сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бо қарори Президенти Фонд ташкил мегардад. Аъзои Раёсати ФБНА аз якнафарӣ намояндагони давлатҳои аъзои Фонд дар сатҳи муовини Сарвазир иборат мебошад.
Хотиррасон бояд шуд, ки 29 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардиданд. Раёсати фонди мазкурро солҳои 2020-2022 ҷониби Тоҷикистон ба уҳда хоҳад дошт.