Душанбе: Дилбар Одилзода муовини нави раси шаҳр таъин шуд

Дар заминаи тағйироти кадрӣ, ки 21-уми феврал сурат гирифт, Дилбар Одилзода муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Одилзода 50 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ то таъин ба ин вазифа директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб буд. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Номбурда солҳои 2009-2010 мудири кӯдакистони №127-и ноҳияи Фирдавсӣ, 2010-2011 муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, 2011-2015 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, 2015-2017 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, 2017 — 2018 муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ва ҳамчун муовини раиси шаҳри Кӯлоб низ фаъолият намудааст.

Ӯ узвви Маҷлиси Миллӣ буда, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE