Душанбе: Барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2022 барои баргузории ин мусобиқа 2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба кураш доир шуда, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ доир карда мешавад.

Чемпионати Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ аз рӯи 5 вазн миёни мардҳо: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва 3 вазн миёни бонувон: -52кг, -70кг, -87кг доир мегардад.

Ғолибон миёни мардҳо бо Шоҳҷоиза – мошин қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Миёни мардҳо барандагони медали нуқра 38 646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тилло 38 646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25 764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ дарёфт мекунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE