Мубодилаи барқияҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерреш ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Бо камоли хушнудӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми онро ба муносибати 30-солагии узвият дар Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.
2 марти соли 1992 барои Созмон санаи махсус ба ҳисоб меравад, чунки маҳз ҳамин рӯз тақрибан 5 фисади кишварҳои ҷаҳон ба СММ узвият пайдо карданд
Дар давоми се даҳсолаи охир мо дар роҳи таъмини сулҳу субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор кардем. Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19, мо дар якҷоягӣ метавонем ба сӯи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем.
Мо метавонем, тавассути ҳамбастагӣ, ягонагии ҳадафҳо ва рӯҳияи нави муколама, созиш ва мусолиҳа, бо мушкилоти мавҷуда истодагарӣ кунем ва ба ормони аслии Созмони Милали Муттаҳид-сулҳ, шукуфоӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳама ноил шавем.
Бори дигар барои дастгирии Созмон дар давоми се даҳсолаи охир миннатдорӣ намуда, умед дорем, ки дар солҳои минбаъда ҳамкориҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимии Шуморо ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо камоли мамнуният дарёфт намудам.
Боиси тазаккур аст, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ростои муаррифии комили истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзишманд дошт.
Дар ин давра кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмон дар роҳи иҷрои ҳадафҳои муштарак, ба монанди пойдории сулҳу амонӣ дар Сайёра, рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон тадбирҳои амалӣ андешидааст.
Мо саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории онро дар умури байналмилалӣ, бахусус истиқрори сулҳу субот, аз ҷумла дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.
Кишвари мо аз ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва дастрасӣ ба минбари ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии ташаббусҳои созанда ва дарёфти ҳадафҳои ҷаҳонии худ изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Мо омодаем, минбаъд низ ба ҳамкориҳои судманди худ бо Созмони Милали Муттаҳид идома диҳем ва дар ростои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саҳми босазо дошта бошем».