Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардида, дар кори он муовинони Раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 4 масъала, аз ҷумла, дар бораи ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022, дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», дар бораи номгузории муассисаи таълимоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Дар оғози кори иҷлосия вакилон вазъи иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзодаро шуниданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ дастур доданд, ки якҷо бо раисони ноҳияҳо ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои самараноки барномаи давлатии маърифати экологии аҳолӣ, сабзу хуррамгардонӣ, сари вақт кашонидани партовҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда, пешгирии буридани дарахтҳо ва гулзоркунӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, баҳри солимгардонии муҳити зист ва тарғиби донишҳои экологӣ пайваста чорабиниҳо ва барномаҳои телевизионии иҷтимоӣ роҳандозӣ намоянд.

Вакилон дар идома ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»-ро мавриди баррасӣ намуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед ҳисобот дод.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориш доданд, ки муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои пойтахт дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо мақсади таъмини босифат ва сари вақт иҷро намудани барномаи қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷараёни онро мунтазам таҳти мониторинг қарор дода, ҷиҳати ҷалби бештари сармоя барои амалӣ намудани барнома, вусъат бахшидани корҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, хизматрасониҳои коммуналии шаҳри Душанбе, обу корезӣ, инчунин навсозии роҳҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои барнома ташаббус зоҳир намоянд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки баҳри рушди сармояи инсонӣ, аз ҷумла маориф ва илм, солимию тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва тандурустӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар соли равон иқдом нишон дода, бо инобати имконият ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ баҳри баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ тадбирҳои мақсаднок андешанд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия вакилон масъалаи номгузории муассисаи таълимоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

Вакилон бо қабули қарор пешниҳоди Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо дастгирӣ намуда, таклиф карданд, ки масъалаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардад.

Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе якчанд қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сокинони пойтахтро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба сохторҳои шаҳрӣ дастур доданд, ки корҳои хуррамгардонӣ, тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳо ва гузаронидани шанбегиҳоро вусъат бахшанд.

Бо ҳамин иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE