Душанбе: Баъди чанд лаҳза ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ оғоз мегардад
Баъди чанд лаҳза дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бахшида шудааст, баргузор мешавад. Айни ҳол мо дар Маркази матбуоти ин чорабинии бонуфуз қарор дорем. Ҷаласаи мазкур ба таври мустақим аз ҳамаи шабакаҳои радиоиву телевизионии кишвар инъикос карда мешавад.
Тибқи иттилои ба мо расида, дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд. Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (ба таври онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ ширкат хоҳанд варзид.
Дар ҷараёни нишасти ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд. Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.
Аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд. Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор қабул хоҳанд кард.
Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ дар зери аркҳои шоҳкории нотакрори меъмории Осиё – «Кохи Наврӯз», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа карда шуд, садо медиҳад. Муаллифи Суруд Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Амирбек Мусозода мебошад. Аввалин иҷрокунандаи Суруди СҲШ Оркестри давлатии симфонии кинематографияи Русия мебошад. Дирижёр Ҳунарпешаи халқии Русия Сергей Скрипка аст.
Дар анҷоми нишаст, аз рӯи натиҷаҳои нишасти таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.
Шумо метавонед рафти ҷаласаи мазкурро ба таври мустақим дар сомонаи мо тамошо кунед!
Мирсаид САТТОРИЁН,
аз Маркази матбуоти СҲШ