Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Миср
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо расид:
— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;
— Созишномаи бародарӣ ва дӯстӣ миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхона ва Бойгонии миллии Миср.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.