Душанбе: Нишасти Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба кори худ шуруъ намуд. Пас аз маросими аксбардорӣ ноиби президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, фиристодаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирон ва намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба толори машваратӣ гузаштанд. Эҳтимол меравад, ки дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар ҷанбаҳои калидии шарокат, масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, амният, баррасӣ кунанд. Бино ба маълумоти дастрасшуда муҳиимтарин масъалае, ки мавриди таваҷуҳи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт ин вазъи Афғонистон хоҳад буд. Интизоор меравад, ки иштиркчиён вобаста ба вазъти ногувори имрӯзаи Афғонситон ва сатҳи гуруснагии аҳолии ин кишвар андешаронӣ кунанд. Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вазирон ва намояндагоги воломақоми ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ бо ҷониби Иттиҳодии Аврупо гуфтушунид хоҳад кард. Тафсилот дар давоми рӯз нашр мешавад.

Шодонҷон Султонов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE