Ифтитоҳи меҳмонхонаи «The Rumi Hotel and Residences» дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Пешвои миллат
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Меҳмонхонаи «Румӣ ҳотел энд резиденс»-ро (The Rumi Hotel and Residences) мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Меҳмонхонаи замонавии 4 ситорадор дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар меҳмонхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт беш аз 50 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҳадаф аз бунёди меҳмонхонаи 4 ситорадор боз ҳам мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе буда, бо ин восита ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон ғизоҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад. Дар меҳмонхонаи нав имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 200 мизоҷ хизмат расонда шавад.
Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавӣ 4 ҳазору 176 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо дарназардошти имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи мазкур 3 толори маҷлис барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун бо шароити арзанда мавҷуд аст.