Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз хавфи сангрезиву тарма гуфт

Бориши пуршиддати борон дар қаламрави кишвар ва гарм шудани  ҳаво дар рӯзҳои охир ҳамоно хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши сангро боқӣ гузоштааст. Хатари бештар дар роҳҳои Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Душанбе-Айнӣ ба назар мерасад,-иттилоъ доданд аз маркази матбуоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки  шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Варзоб 3 ҳолати фаромадани тарма ва омадани сел, инчунин 2 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, бар асари резиши санг дар километри 449-уми шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ-Хоруғ, ки аз Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ убур мекунад, се нафар кормандони шуъбаҳои ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон захмӣ шуда, дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд. Ҳоло корҳои поксозии роҳ аз сангу сангреза идома дорад.

Ҳамчунин дар километри 223-юми шоҳроҳи Душанбе-Лахш, дар наздикии шаҳраки Обчаки Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодиса касе зарар надидааст, паёмадҳои сангрезӣ бартараф шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи мошингард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби дастаҳои наҷоти зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам назорат карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хавфи рӯй додани ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳое, ки дар натиҷаи тарма ба амал омадаанд, заруранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи аҳолӣ мерасонад, ки дар чунин рӯзҳое, ки хавфу хатари тармаву селу обхезӣ вуҷуд дорад, аз сафарҳои безарурат худдорӣ намуда, ба ғунучини ҳезум, ҷамъоварии растаниҳои доруворӣ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE