ТАБРИКОТ БАХШИДА РӮЗИ МОДАР
Модарон ва бонувони гиромӣ!
Аз номи ҳайати кормандони эҷодӣ ва техникии радиои “Садои Душанбе” тамоми модарону хоҳарони азизро бахшида ба Рӯзи Модар самимона табрик мегӯем ва ба ҳар яки онҳо пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда таманно менамоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии бахшида ба Рӯзи Модар таъкид карданд, ки “Бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд.
Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.
Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба ҳамаи модарони муҳтарам ва бонувону духтарони азизи кишвар барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати тоҷикон миннатдории самимӣ баён намоям.
Мо худ шоҳиди зиндаи хизматҳои шоёни модарону бонувон дар мушкилтарину сангинтарин рӯзҳои таърихи давлату миллати тоҷик, яъне замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳастем.
Онҳо сиёсати пешгирифтаи моро бо сабру таҳаммул ва самимияту садоқат дастгирӣ карданд, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад”.
Модари тоҷик дар масири таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.
Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Боварӣ дорем, ки модарону бонувони мо минбаъд низ баҳри ободии Ватан заҳмат кашида, ҷашни бузурги миллӣ – истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.
Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза модарону бонувони азизро ба ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба онҳо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем.
Ҷашн муборак бошад, модарон ва бонувони азиз!
Фирӯз Каримзода,
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”