Хуҷанд: 171 медали хонандагон дар Олимпиадаи байналмилалии «FISO»
Таълимгирандагони «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи ҷамъбасти даври финалии Олимпиадаи бонуфузи «FISO» 171 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихориро ба даст оварданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Даври байналмилалии озмуни мазкур 5 март тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардида, ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон шуд.
Тибқи иттилои директори МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова дар натиҷаи ҷамъбасти даври финалии озмун хонандагони ин муассиса 171 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихориро ба даст оварданд, ки ин натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки дар олимпиадаи мазкур 4000 нафар хонандагон аз 26 давлат иштирок варзиданд. Хонандагони Литсей дар 7 гурӯҳи синну солӣ бо маҳорати баланд иштирок намуда, аксари ҷойҳоро аз фанни математика ва забони англисӣ ба даст оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар 7 моҳи соли хониши 2021-2022 хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия ва Ҳиндустон иштирок намуда, 313 медали тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварданд.
Хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд дар соли хониши 2021-2022 дар олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонии «Дониш» ва «Коперникус» дар Туркия ва Амрико ҳузури иштирок карда, ба дастовардҳои беназир соҳиб гардиданд.
Тибқи иттилои маъмурияти Литсей ҳоло дар ҳаракати олимпии муассиса беш аз 250 нафар хонандагон шомил буда, айни замон боз 42 нафар хонандагони Литсей ҷиҳати иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар Англия ва Олмон омодагӣ дида истодаанд.