Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон ҷамъбаст мегардад

30-31 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳои Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» бо иштироки 14 гурӯҳ ҳаҷвнигорон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад, иттилоъ дод сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ.

Ба гуфти Озар Орифӣ,  фестивали ҷумҳуриявӣ дар се давр баргузор гардид. Даври аввали он дар шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ моҳи январ дар сатҳи маҳал баргузор гардид. Даври дуюм моҳҳои феврал-март дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз ҳар минтақа 1 дастаи ҳунарӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Фестивал аз рўйи 7 номина бо назардошти вақти муайяни давомнокӣ баргузор гардид: Интермедия (то 4 дақиқа); Аскиягўӣ (то 5 дақиқа); Тақлидкорӣ (то 3 дақиқа); Латифагўӣ (то 8 дақиқа); Суруди ҳаҷвӣ (то 5 дақиқа);  Монологи ҳаҷвӣ (то 4 дақиқа) ва саҳначаи ҳаҷвӣ (то 7 дақиқа).

Бад аз даври ниҳоӣ ҳамаи иштирокчиён бо Дипломи барандаи Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Инчунин аз ҷониби ҳамоҳангсозони фестивал созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот ва шахсони алоҳида тибқи дархост бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел бахшида ба Рӯзи ханда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  гулчини барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва маросими қадрдонии ғолибону беҳтарин иштирокдорони фестивал баргузор мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE