Душанбе: Барузории даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021»
Аз 3 то 15 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат моҳи марти имсол оғоз гардида, дар ду давр- ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардид. Дар даври ниҳоии фестивал беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ манзури мухлисон ва доварон гардонида мешаванд.
Тибқи нақшаи баргузорӣ, 3 август барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ, 4 август- ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт ва Муъминобод, 5 август- ноҳияҳои Хуросон ва Варзоб, 6 август- ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ваҳдат, 7 август- ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Файзобод, 8 август- ноҳияҳои Ёвон ва Ҷаббор Расулов доир мешаванд.
9 август- шаҳрҳои Панҷакент ва Роғун, 10 август- шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода, 11 август- ноҳияҳои Рӯшон ва Рашт, 12 август- ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ишкошим, 13 август- ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисор барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.