Даргузашти Владимир Жириновский

Сиёсатмадори маъруф Владимир Жириновский дар Москва аз олам даргузашт. Дар бораи марги раҳбари Ҳизби либерал-демократҳои Русия имрӯз ТАСС бо истинод ба Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин хабар дод.

Жириновский 76-сола буда, моҳҳои охир дар беморхона мехобид. «Пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ Владимир Волфович Жириновский аз олам даргузашт», — гуфтааст ВячеславВолодин.

Аввалҳои моҳи феврал сиёсатмадор бар асари сироятёбӣ ба коронавирус дар бемористон бистарӣ гардид ва табибон бемориашро илтиҳоби пневмонияи дутарафа ташхис намуданд. ВАО дар бораи ҷараёни манфии саломатии раиси Ҳизби либерал-демократии Русия навиштанд, дар бораи он ки ӯ ба варами шуш ва осеб дидани узвҳои нафаскашӣ дучор гардидааст. Ҳизб ин хабарро рад кард ва итминон дод, ки Жириновский оҳиста-оҳиста дар ҳоли беҳбудёбист.

Владимир Волфович Жириновский 25 апрели соли 1946 дар Алма-Ато таваллуд шудааст. Соли 1970 Донишкадаи забонҳои шарқи назди Донишгоҳи давлатии Москва ва сипас шуъбаи шабонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз 31 марти соли 1990 раиси Ҳизби либерал-демократии Русия буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE