Миср: баррасии масъалаи бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ва Искандария

28 июн Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси вилояти Искандарияи Миср Муҳаммад Аш-Шариф мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ба хусус бо вилоят ва шаҳри Искандария баррасӣ шуд. Аз ҷумла, пешниҳод дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ва Искандарияи Миср матраҳ гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE