Панҷакент: Пешвои миллат майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад.

Дар атрофи ин рамзи давлатӣ майдони васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон дар ин ҷо монитори калонҳаҷм барои намоиши наворҳои таблиғотӣ гузошта шудааст.

Дар майдони назди Парчами давлатӣ 5 фаввора ва 2 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 нишасткурсӣ насб гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Масоҳати 7 ҳазору 500 метри мураббаъ дар ин ҷо сабзкорӣ ва 8 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзи давлатӣ дар маркази шаҳри Панҷакент маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад.

Дувоздаҳ ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 20 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимию доимӣ аз ҷумлаи ороишоти дигари майдони Парчами давлатӣ мебошад.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҳамчунин намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр навсозӣ гардид.

Пешвои миллат ба кори анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои минбаъд саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE