Пешвои миллат маркази саломатиро дар ноҳияи Тоҷикобод ифтитоҳ намуданд

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод маркази саломатиро, ки бо тарҳи зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Иншоот аз ҳисоби фонди хайриявии «Тоҷикистон» дар масоҳати 2,5 гектар бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2018 оғоз гардида, ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ, инчунин мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд.

Бо бунёд шудани чунин маркази муосири тиббӣ 14 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Маркази саломатии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи духтури занона, тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна ва гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ таъмин мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ муҳим шуморида, кормандонро ба иҷрои сифатноки хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE