5 бар 0 бохти нанговари мунтахаби ҷавонони кишвар аз тими Арабистони Саудӣ дар Ҷоми Осиё-2022

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин бозии худро дар Ҷоми Осиё-2022 доир намуд ва бо ҳисоб калон шикаст хӯрд. Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбакистон ҷараён дорад ва тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ вохӯрии худро дар варзишгоҳи «Локомотив» анҷом доданд.

Дастаи мо дар даври аввал дар гурӯҳи “D” аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд. Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ Ҷопон аз Амороти Муттаҳидаи Араб қавитар баромада, бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб гардид.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бозии навбатии худро дар Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 6-уми июн бо тими АМА анҷом медиҳад.
Гурӯҳи D. Даври 1
Арабистони Саудй — Тоҷикистон — 5:0
Голҳо: Ҳамад Турк Ал-Туҳайфон, 40 (1:0). Айман Яҳё Аҳмад, 50 (2:0). Ҳайтам Муҳаммад Асирӣ, 68 (3:0). Мотеб Саад Ал-Харби, 87 (4:0). Абдуллоҳ Ҳоди Радиф, 90+7 (5:0).
АМА — Ҷопон 1:2

 

varzishtv.tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE