Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ» эълон гардид
Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ» дар озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» аз рӯи номинаи «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ» сазовори ҷои аввал гардид, хабар доданд аз китобхонаи мазкур.
Мукофоти мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба директори «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ» Абдуқодири Абдуққаҳор зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ, ки 16 апрел дар таҷлили Рӯзи пойтахт сурат гирифт, супорид.
Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ яке аз аввалин муассисаҳои маърифатӣ ва куҳантарин китобхона дар шаҳри Душанбе буда, соли 1925 таъсис ёфтаааст. То солҳои соҳибистиқлолӣ чанди маротиба табдили ном ва ҷой намудааст. Айни замон китобхона дар хиёбони Неъмат Қаробоев, 50-и пойтахт ҷойгир шуда, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 12 филиали он амал мекунанд. Китобхонаи мазкур дар тавозуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.
Бинои сеошёна бо утоқҳои барҳавои корӣ ва толори васеи хониш ба китобдорон имкон медиҳад, ки ба хонандагон дар сатҳи баланд хидмат расонида, намоиши китоб, шабҳои адабӣ, конференсияву суҳбатҳои хонандагон, вохӯриҳо бо одамони шуҳратманд, адибону фарҳангиён ва дигар чорабиниҳоро бо иштироки васеи хонандагон доир намоянд.