Хоруғ: Ҳафтаи гулшинонӣ эълон гардид

Бо дастури Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар шаҳри Хоруғ Ҳафтаи гулшинонӣ эълон карда шуд, зеро ниҳолпарвариву гулшинонӣ  ва сабзкорӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Барои ободониву шукуфоӣ ва тағйирёбии симои шаҳри Хоруғ ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳр муваззаф гардиданд, ки атрофи идораву муассисаи худро ба тартиб дароварда, гул шинонанд.

Гулҳои зебову рангоранг аз шаҳри Душанбе дастрас ва ба масъулини идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ тақсим карда шуданд.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи фарҳанги вилоят бо роҳбарии муовини якуми раиси ВМКБ Низом Мирзозода ва муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ба ҳашар баромада, дар пеши театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров гулҳои рангоранг ва зебо шинонданд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Хоруғ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат симои зоҳирии худро куллан тағйир додааст. Қомат афрохтани ноҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг ба зебоии шаҳр ҳусну таровати тоза мебахшад. Сабзазоркуниву гулшинонӣ миёни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандонро ба зебоипарастиву озодагӣ  талқин менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE