Рекорди нави сироятёбӣ ба COVID-19 дар Чин. Дар як шабонарӯз қарби 40-ҳазор нафар

Дар Чин дар як шабонарӯз 39 791 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии тандурустии ин кишвар. Ин рекорди нав шабонарӯзи чорум аст, ки паси ҳам нав карда мешавад, зикр намудааст Reuters.

Дар Чин рӯзи чорум аст, ки паси ҳам шумораи рекордии гирифторони коронавирусро дар як шабонарӯз — қариб 40 000 нафар ошкор мекунанд. Миёни гирифторони ҳолатҳои нав дар Чин дар 3709 нафар аломатҳои ин беморӣ муайян карда шуда, 36 082 нафар бидуни ягон аломат гирифтори ин гуна вирус гардидаанд, тасдиқ менамояд кумита.

Гирифторӣ ба ин беморӣ дар Пекин, пойтахти Чин босуръат афзоиш меёбад: шумораи ҳодисаҳои бақайдгирифта дар як рӯз 66% — аз 2595 то 4307 нафар афзоиш ёфт. Дар шаҳри Чунсин дар ҷанубу ғарби Чин (32 миллион нафар аҳолӣ) афзоиши рӯзона 15%- аз 7721 то 8861-ро ташкил дод. Дар Гуанчжоу (қариб 19 миллион нафар аҳолӣ) шумораи гирифторон дар як рӯз каме коҳиш ёфт, аммо хеле баланд: 7412 нафар дар муқоиса бо 7419 нафари як рӯз қабл боқӣ мемонад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE